624
Тоҷикӣ
Огоҳиҳои тиббӣ
-
Адаптерҳо, дастгоҳҳои қуввадиҳандаро дар ҳавои
кушод ё ки дар назди сатҳҳои тасфон истифода
набаред.
-
Ҳеҷ як қисми маҳсулотро дар мошини зарфшӯӣ
тоза накунед.
-
Пас аз тозакунӣ, боварӣ ҳосил кунед, ки пеш аз
пайваст кардани барқпуркунанда, он комилан
хушк мебошад.
-
Дастаро бишӯед, хусусан қисми пайвастшавӣ бо
сари чуткаро. Атрофи мӯҳри резиниро бодиққат
тоза кунед.
-
Сараки чӯткаро ҳар 3 моҳ ё зудтар иваз кунед, агар
нишонаҳои фарсудашавӣ пайдо шаванд.
Истифодаи чӯткаро ҳангоми сараки кӯфта ё
хамидашуда будан, қатъ кунед.
-
Дастгоҳи мазкур танҳо барои тоза кардани
дандон, милк ва забон пешбинӣ шудааст.
-
Аз тамоси мустақим бо маҳсулоте, ки дорои
равғанҳои эфирӣ ё равғани кокос мебошанд,
худдорӣ намоед. Тамос метавонад боиси канда
шудани мӯйякҳои чӯтка гардад.
-
Баландии ниҳоии истифода 4500 метр аст.
-
Иттилоотро дар бораи моддаҳои REACH, ки дар
маҳсулоти Philips мавҷуд аст, дар
www.philips.com/REACH пайдо кардан мумкин аст
-
Ин асбоб дастгоҳи нигоҳубини шахсӣ аст ва барои
истифодаи муштарак аз тарафи якчанд
истифодабаранда пешбинӣ нагардидааст.
-
Истифодаи дастгоҳро қатъ кунед ва ба духтури
дандон/духтури худ муроҷиат кунед, агар
хунравии аз ҳад зиёд ё тӯлонӣ пас аз истифода рух
диҳад ё ҳангоми истифода нороҳатӣ ё дард ҳис
кунед.
-
Агар Шумо кардиостимулятор ё дигар дастгоҳи
имплантатсияшуда дошта бошед, пеш аз истифода
ба духтур ё истеҳсолкунандаи дастгоҳи
имплантатсияшуда муроҷиат кунед.